Пайвандҳои дастрасӣ

СММ таъмири шабакаҳои обрасонии кишварҳои ОМ-ро тақозо кард


Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов

Рӯзи сешанбе Барномаи зистмуҳитии СММ ё UNEP изҳороте пахш ва дар он таъкид кард, ки кишварҳои Осиёии Марказӣ Узбакистону Тоҷикистон ва Туркманистон дар таҷдиди шабакаҳои обрасонии худ бояд ҳамкорӣ кунанд. Дар ин изҳорот омадааст, кишварҳои ҳавзаи Амударё бояд мушкилоти худро, ки об аз каналҳову ҳавзҳои кӯҳнаву фарсуда бефоида берун меравад ва талаф меёбад, бартараф кунанд. Ба ибтикори Узбакистон хабаре мунташир шудааст, ки корхонаи тавлиди алюмин ё ширкати ТАЛКО ба муҳити зисти кишварҳои ҳамсоя зарар мерасонад. Вале Сироҷиддин Аслов-намояндаи Тоҷикистон дар СММ дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфт, дар СММ ба ин масъала таваҷҷуҳи чандоне намедиҳанд, зеро зарари ин корхона ба муҳити атроф хеле ночиз аст ва Узбакистон мехоҳад ба ин масъала ҷанбаи сиёсӣ бахшад.
XS
SM
MD
LG