Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон гарму бебориш хоҳад буд


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳаво гарм ва бебориш хоҳад буд.

Гармтарин ҳаво дар водии Вахш пешбинӣ шудааст. Ҳарорат рӯзона то ба 43 дараҷаи болои сифр мерасад, ки нисбат ба дирӯз 1 дараҷа гармтар аст.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобу Хуҷанд ва дар водии Ҳисор ҳаво рӯзона тақрибан мисли як рӯзи пеш хоҳад буд ва ҳарорат то ба 39-40 дараҷа хоҳад расид.

Дар Бадахшон низ ҳаво мисли дирӯз, яъне дар шарқи вилоят 18-22 ва дар Хоруғ аз 24 то 28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG