Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми таслиятии Амрико ба куштори Аҳмад Валӣ Карзай


Аҳмад Валӣ Карзай

Аҳмад Валӣ Карзай

Амрико куштори Аҳмад Валӣ Карзай-бародари раиси Ҷумҳури Афғонистонро ба таври ҷиддӣ маҳкум кард. Ҷей Карнӣ-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ҳукумати Амрико паёми таслияти худро ба хонаводаи Аҳмад Валӣ Карзай, ки дирӯз дар хонааш дар шаҳри Қандаҳор ба дасти посбони худ кушта шуд, фиристодааст. Аҳмад Валӣ раиси Шӯрои вилояти Қандаҳор ва яке аз шахсиятҳои қудратманди ҳукумати кунунӣ дар ҷануби Афғонистон ба шумор мерафт. Бино ба иддаоҳо, вай дар маркази таваҷҷуҳи қочоқ қарор дошт. Толибон дар изҳороте масъулияти ин кушторро бар ӯҳда гирифтанд ва онро дар фаъолиятҳои шӯришии худ яке аз “дастовардҳои бузург” арзёбӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG