Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотил шиноси бародари президенти афғон будааст


Турялай Веса4волии вилояти Қандаҳор ( дар марказ)
Турялай Веса4волии вилояти Қандаҳор ( дар марказ)
Имрӯз бародари хурди президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар вилояти ҷанубии Қандаҳор ба қатл расид.
Волии Қандаҳор Турялай Веса мегӯяд, қотили Аҳмад Валӣ Карзай аз наздикони бародари президенти Афғонистон ба шумор мерафт:
Нафаре, ки Аҳмад Валӣ Карзайро ба ҳалокат расонд, аз наздиконаш буд. Ӯ зиёд ба идораи Аҳмад Валӣ Карзай ташриф меовард. Ӯ дар вазифаҳои полису низомиро иҷро кардааст. Ӯ масъули роҳҳо ва амнияти кӯчаҳо будааст. Касе фикр намекард, ки Сардор Муҳаммад ба чунин амал даст мезанад. Ӯ бо оилаи бародари президент шинос буд. Ӯ дар як миз бо оилаи Аҳмад Валӣ Карзай тановул мекард. Ҳоло равшан нест, ки чӣ амре боиси ин амал шудааст. Мутаассифона ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваст. Ин ҳодиса ғайри қобили ислоҳ ва маъзарат аст.”
Раёсати хадамоти амниятии Афғонистон иброз доштааст, ки бародари раисҷумҳури Афғонистонро имрӯз соати 11:30 яке аз меҳмонон, ки муҳофизи ӯ ҳам будааст, дар хонааш ба қатл расонд.
Аҳмад Валӣ Карзай, ки раҳбарии Шӯрои вилояти Қандаҳорро бар дӯш гирифта буд, яке аз мансабдорони муассири ҳукумати Афғонистон буда, дар маркази як баҳси фасод қарор дошт.
Мақомоти афғон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ин ҳамла ҳамроҳ бо бародари раисҷумҳури афғон муовини раиси Шӯрои Қандаҳор Амир Лолоӣ низ кушта шуд.
Фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон Дейвид Петреус ба раҳбари Афғонистон ҳамдардӣ изҳор намуд. Толибон масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифта, онро “яке аз дастовардҳои бузургтарин”-и ин ҷумбиши ифротгаро унвон додаанд.
XS
SM
MD
LG