Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати корҳои дохилӣ ҳабси маҳбусонро шарҳ дод


Tajikistan --A building of Tajik Interior Ministry, Dushanbe,16Oct2010
Tajikistan --A building of Tajik Interior Ministry, Dushanbe,16Oct2010
Рӯзи сешанбе вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 6-уми июли соли равон дар мавзеи Сугараки ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон маҳбуси фирорӣ Ҷабраилов Казбек ба ҳабс гирифта шуд. Ниҳодҳои интизомӣ аз Ҷабраилов силоҳу муҳиммот мусодира кардаанд. Ҳамчунон вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомии Қирғизистон маҳбуси дигари фирорӣ Низомӣ Абиев дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастгир шуд. Ҷабраилов ва Абиев шаҳрвандони ҷумҳурии Доғистони Русия буда, бо ҷиноятҳои вазнин ба муддати тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.
Рӯзи сешанбе додситони кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти ду нафари ёдшуда хабар дод, вале нагуфт, ки яке аз онҳо дар хоки Қирғизистон дастгир шудааст.
XS
SM
MD
LG