Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чоряки сарбозони Фаронса ба ватан бармегарданд


Президенти Фаронса Николас Саркозӣ

Президенти Фаронса Николас Саркозӣ

Фаронса тасмим гирифтааст, то сохири соли 2012-ум чоряки нерӯҳояш, яъне 1000 афсару сарбозашро аз Афғонистон ба ватан баргардонад. Ба навиштаи хабаргузории Франс пресс ин тасмимро имрӯз президенти Фаронса Николас Саркозӣ аснои боздидаш аз пойгоҳи низомӣ воқеъ дар минтақаи Саробии канори шимолии шаҳри Кобул изҳор намудааст. Воҳидҳои низомии Фаронса сар аз соли 2001-ум дар чорчӯби нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон фаъолият доранд. Дар ин муддат 64 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон ҳалок шудаанд.Вашингтон ҳам тасмим гирифтааст соли равон 10000 нафар ва то моҳи сентябри соли 2012-ум 23000 афсару дигари амрикоиро ба ватан баргардонад.
XS
SM
MD
LG