Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумони Тоҷикистон дар замоне Кодекси ҷангалро тасвиб кард, ки Шӯрои иқтисод ва иҷтимои Созмони Милал гуфтааст, инсониятро як инқилоби сабзи фаннӣ зарур аст, то аз фоҷеаҳои ба дунболдоштаи тағйири иқлим ҷилавгирӣ шавад.

Ша Тсзукан, муовини дабири кулли СММ, ки ин гузоришро дар Женева ироа кард, таъкид намуд, ки бидуни тағйироти қатъӣ ё радикалӣ дар бахши фаннӣ назири якумин инқилоби саноеъ дар ҷаҳон, инсоният наметавонад аз ин мушкил, фақру гуруснагӣ ҷилавгирӣ кунад.

РОҲИ РАҲОӢ АЗ ИН МУШКИЛ КАДОМ АСТ?

Ҳамин ниҳод сарозер шудани сармояи ҳангуфтро дар бахши зистмуҳитӣ роҳандозии асосҳо ва шеваҳои ҷадиди кишвоварзӣ ва ҷангалдорӣ, сохтмони зербиноҳои тобовар ба тағйири иқлим ва фановариҳои тозаи энержиро раҳоӣ аз ин мушкил хондааст.

Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон
Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон низ дар мавриди тасвиби Кодекси ҷангали Тоҷикистон ба ҳамин нукта таъкид кард: “Ҳаводиси табии солҳои ахир ҳушдор медиҳад, ки башарият ба мушкилоти ҷадиди экологӣ рӯ ба рӯ мешавад ва ҳалли он сол то сол мушкил мегардад. Тағйирёбии иқлим яке аз ин омил ва мушкил аст, ки таъсири гуногуни манфӣ аз қабили хушксолӣ, резиши сел, обшавии зиёди пиряхҳоро ба дунбол дорад.”

Ҷаноби Салимов ду роҳи паст кардани шиддати тағйири иқлим дар мисоли Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод: “Якум, кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо, ки Тоҷикистон дар ин самт саҳми ночиз дорад. Дуввум, зиёд кардани майдони ҷангалҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ва ба воситаи ҷангалҳо кам кардани консентратсияи партобҳои аз кишварҳои ҳамсоя воридшуда аст.”

Ин дар ҳолест, ки дар даҳ соли сипарӣ, ки Тоҷикистон ба бӯҳрони энержӣ рӯбарӯст, беш аз 600 ҳазор ҳектор ҷангалзорҳои доманакӯҳҳо бурида ба ҳезум табдил шудааст, ки ба гуфтаи проффесор Холназар Муҳаббатов, ин 600 ҳазор ҳектор замин, манбаи нигоҳ доштани намӣ ва таъмини оби чашмаҳо буд.

ИСТИҚБОЛ АЗ ТАСВИБИ КОДЕКСИ ҶАНГАЛ

Анатолий Холматов, раиси Барномаи СММ дар умури идораи захираҳои об дар минтақа аз тасвиби Кодекси ҷангал истиқбол кард ва дар бораи саҳми ҷангалҳо дар ташаккули иқлим, ҷилавгирӣ аз хушксолӣ ва камобӣ гуфт: “Дар нигаҳдории доманакӯҳҳо аз сел, эрозияи замин, бухоршавии об ва нигоҳ доштани барфу намӣ ҷангалҳо нақши муҳим доранд. Маҳз ҷангалзорҳост, ки аз биёбоншавӣ ва хушксолӣ ҷилавгирӣ мекунанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Холматов, маҳз коҳиши ҷангалзорҳо дар кӯҳу доманакӯҳҳо боис ба кам шудани ҳаҷми пиряхҳо ва оби рӯдхонаҳо шудааст. Вай афзуд: “Агар харита ва аксҳои панҷоҳ сол қабл гирифтаро ба соли 2000 муқоиса кунем,
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

мебинем, ки захираи пиярхҳо аз 8 то 30 дарсад ва захираи оби рӯдхонаҳо аз 10 то 15 дарсад кам шудааст.”

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи проффесорҳо Холназар Муҳаббатов ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров, натиҷаи ҷангалбуриҳои даҳ соли ахир баррасӣ нашудааст ва имкон дорад таъсири инсон ва бӯҳрони энержии даҳсолаи ахир ҳазорҳо ҳектор майдони ҷангалзорро коҳиш дода бошад, ки ҳудудан метавонад 10 дарсад захираи оби рӯдхонаҳоро коҳиш бидиҳад.

Агар давлат дар иҷрои Кодекси ҷангал иқдоми воқеӣ бикунад, метавон аз ҷараёни биёбоншавии марғзору доманакӯҳҳо дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG