Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Суғд ба баррасии парвандаи як гурӯҳи 53-нафарӣ шурӯъ кард, ки дар ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд муҷрим шинохта мешаванд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд чаҳор кушта ва 28 захмӣ ба ҷой гузошта буд.
Акмал Каримов аз соли 2009 бо иттиҳоми "одамрабоӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, муддате дар урдугоҳҳои террористӣ таълим гирифтааст...


Мақомоти Суғд дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 дар Хуҷанд, аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон ва шарикони онҳоро муттаҳам медонанд.

Юсуф Раҳмонов, додситони вилояти Суғд низ мегӯяд, ҳангоми тафтиши аввалияи парванда гуноҳи онҳо дар мавриди содир намудани ин амали террористӣ исботи худро ёфтааст.

Аз 53 нафаре, ки ҳоло дар курсиҳои айбдорӣ нишастаанд, ҳудуди 40 нафари онҳо сокини ноҳияи Истаравшан буда, аз замони воқеъ шудани ҳамлаи интиҳорӣ то кунун дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар Хуҷанд биноҳои атрофи он низ осеб диданд
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тафтишотӣ шахси ҳамлавар ба бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаро Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд эълон карда буданд.

Вай рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 бо автомобили "ГАЗ-2104", ки маводи тарканда дошт, ба саҳни бинои мазкур ворид шуда, худро тарконид. Ба маълумоти Раёсати амнияти Суғд, Акмал Каримов аз соли 2009 бо иттиҳоми "одамрабоӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, муддате дар урдугоҳҳои террористӣ таълим гирифтааст.

Ҳоло бародари ӯ - Фирдавс Каримов бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ дар курсии айбдорӣ қарор дорад.

Ба дунболи ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли гузашта нахуст масъулияти ҳамларо як гурӯҳи мазҳабии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" бо навиштани як нома дар шабакаи Интернет бар дӯш гирифта буд.

Ҳамчунин, бархе аз мақомот фарзияи ба ҳамлаи интиҳорӣ даст задани як сокини ноҳияи Исфараро ҷиҳати ниқоргирӣ ба марги фарзандаш дар боздоштгоҳи шӯъбаи мазкур баён намуда буданд.

Фарзияи дигаре ҳам аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баён шуда буд, ки омилони нахустин таркиши худкушӣ дар Тоҷикистон нафарони дастдошта дар куштори Ҳомидҷон Каримов – раиси бозори шаҳри Исфара буда, бо ин амали террористӣ мехостанд шарикони боздоштшудаи худро аз боздоштгоҳи шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта берун оранд.

Аммо дар охир ном бурдани мақомот аз Акмал Каримов, сокини шаҳри Хуҷанд, чун омили аслии таркиши интиҳорӣ бепоя будани ин фарзияро низ ба исбот расонид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG