Пайвандҳои дастрасӣ

Петронас дар Туркманистон газ истихроҷ мекунад


 Идораи ширкати Петронаси Малайзия дар Ашқобод

Идораи ширкати Петронаси Малайзия дар Ашқобод

Ширкати миллии Малайзия бо номи Петронас истихроҷи гази табиӣ дар наздикиҳои соҳили Туркманистонро оғоз намуд. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мегӯяд, ба зудӣ мизони солонаи истихроҷи газ аз ин кони воқеъ дар баҳри Каспий ё худ дарёи Хазар то 5 миллиард метри мукааб расида, бо мурури замон ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Имрӯз Бердимуҳаммадов дар маросими ботантанаи кушоиши коргоҳи ширкати Петронас ҳузур дошт. Петронас гази истихроҷ намудаашро ба ҳукумати Туркманистон мефурӯшад ва ҳукумати Туркманистонро онро ба Русия ва Эрон содир хоҳад кард.
Туркманистон то кунун сармоягузорони хориҷиро ба конҳои дохили кишвар роҳ надодааст. Вале дар айни замон мақомоти туркман сармоягузоронро ба ширкат дар истихроҷи серхароҷоти газ аз бистари баҳр даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG