Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия аз изҳороти Клинтон нороҳат шудааст


Syria -- Youths attend a sit-in for people killed during recent protests in the country, in Damascus, 29Jun2011
Syria -- Youths attend a sit-in for people killed during recent protests in the country, in Damascus, 29Jun2011
Сурия изҳороти котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон дар бораи президенти Сурия Башор ал-Асадро бо лаҳни шадид маҳкум намуда, онро амали таҳрикдиҳанда унвон додааст. Рӯзи душанбе Клинтон гуфт, Асад ва режими зери раҳбарии ӯ шаръиятро аз даст додааст:
Ба қавли Клинтон ИМА бовар надорад,ки дар рӯ ба рӯи эътирозҳои дохилӣ Асад ба ваъдааш вафо карда, кишварро ислоҳ менамояд. ИМА ҳамлаҳои пайравони Асад болои сафоратҳои ИМА ва Фаронса дар Димашқро, ки рӯзи душанбе ба вуқӯъ пайваста буданд, маҳкум кард. Бо ин амал эътирозгарон мехостанд мухолифаташон ба зиёрати сафирони ду кишвар аз шаҳри Ҳамои зери нуфузи мухолифини режими Асдаро нишон диҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, сар аз моҳи марти соли равон, яъне замони оғози ршӯб бар зидди режими Асад камаш 1400 шахси мулкӣ ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG