Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон 45 нафар ба қатл расидаанд


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки шояд аз тарафи нерӯҳои ИМА раҳандозӣ шудаанд, дар давоми камтар аз 24 соати гузашта дар манотиқи шимолу ғарбии ин кишвар камаш 45 ҷангҷӯи эҳтимолӣ ба ҳалокат расиданд.
Ҳамлаҳо шоми душанбе оғоз ёфтаанд. Ибтидо як муҷтамаъ ва мошин дар Вазиристони шимолӣ ҳадаф қарор гирифтаанд. Баъди чанд соат ҳамин гуна ҳамла дар Вазиристони ҷанубӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба қавли ҳамин манбаъ субҳи сешанбе як муҷтамаъ дар Вазиристони шимолӣ мушакборон шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG