Пайвандҳои дастрасӣ

Салимзода: "Таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов анҷом шуд."


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Ӯрунбой Усмонов анҷом шудааст. Вай афзуд: "Имрӯз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон онро барои ирсол ба додгоҳ ба додситонии вилояти Суғд супорид. Мо ин парвандаро талаб кардем, чунки омӯхта ҳолатҳои корро бояд ба раисҷумҳури Тоҷикистон ахборот диҳем, зеро ӯ ҳам мисли шумо намояндаи ВАО аст."

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуда, вале баъдан ин иттиҳом тасдиқи худро наёфтааст. Ҳоло бар пояи иттилои вакили дифои ӯ, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ барои иттилоъ надодан дар заминаи афроди марбут ба "Ҳизбуттаҳрир" муттаҳам ва дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад.

Боздошт ва иттиҳоми хабарнигори шабакаи садову симои Бритониё интиқодҳои шадиди созмонҳои мудофеи озодии баён ва корпусҳои дипломатии ғарбиро ба бор овард.Худи кормандони Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Лондон низ се бор таҷаммӯъ карда, раҳоии Ӯрунбой Усмоновро аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд.
XS
SM
MD
LG