Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафармад Рустамов бо авбошӣ муттаҳам мешавад


Раиси шӯъбаи “Ориёнбонк” дар ноҳияи Мӯъминобод ба авбошӣ муттаҳам мешавад.
Рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон Додситони кулли кишвар, Шерхон Салимзода боздошти Сафармад Рустамовро тасдиқ намуда, афзуд, ибтидо Сафармад Рустамов бино бар модаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба одамкушӣ айбдор мешуд, вале баъдан ин айбнома лағв гардида, ҳоло ӯ ба авбошӣ муттаҳам мекунанд.
Салимзода бо ишора ба сирри пажӯҳиши ҷиноӣ аз шарҳи ин иттиҳом ва ифшои ҷузъиёти он худдорӣ кард.
Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҷаноби Рустамов дар Кӯлоб боздошт шуда, сипас ба Душанбе интиқол ёфтааст.
XS
SM
MD
LG