Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Кӯлоб даст доштани Сафармад Рустамов дар беназмиҳои мухлисони футболро бепоя хонданд.

Сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Кӯлоб, Абдулваҳҳоб Искандаров, сару садоҳо дар бораи даст доштани раиси шӯъбаи "Ориёнбонк" дар Мӯъминобод, Сафармад Рустамов, мулаққаб ба "Кабуд" дар баназмиҳои Кӯлоб, дар пайи бозии "Равшан" ва "Истиқлол" (рӯзи 14-уми июн)-ро рад кардааст.
Ин корро
нафароне мекунанд, ки ҳадафи сиёсӣ доранд.
Аммо "Кабуд" соҳибкор буд ва ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ надошт...


Ин дар ҳолест, ки Додситони кулли Тоҷикистон субҳи имрӯз, 12-уми июл, зимни як нишасти хабарӣ эълон дошт, ки Сафармад Рустамов, раиси шӯъбаи “Ориёнбонк” дар ноҳияи Мӯъминобод ба авбошӣ муттаҳам мешавад.

Шерхон Салимзода гуфт, қаблан Сафармад Рустамов бино бар моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба одамкушӣ айбдор мешуд, вале баъдан ин айбнома лағв гардида, ҳоло ӯ ба авбошӣ муттаҳам мешавад.

Ҷаноби Салимзода бо ишора ба сирри пажӯҳиши ҷиноӣ аз шарҳи ин иттиҳом ва ифшои ҷузъиёти он худдорӣ кард.

Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҷаноби Рустамов дар Кӯлоб боздошт шуда, сипас ба Душанбе интиқол ёфтааст.

БОЗДОШТИ МАРМУЗ

Нурулло Рустамов, бародари Сафармад Рустамов мегӯяд, бародараш рӯзи 1-уми июл нопадид гашт ва дертар маълум гашт, ки ӯро чанд тан аз намояндагони мақомоти интизомӣ боздошт карда, ба Душанбе бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб бидуни ифшои ном гуфа буд, ки Сафармад
Нурулло Рустамов, бародари Сафармад Рустамов

Рустамов, воқеан аз ҷониби маъмурони амниятии марказӣ боздошт шудааст ва ӯ бино бар чанд банди Қонуни кайфарии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 186, яъне ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, муттаҳам мешавад.

Аммо Нурулло Рустамов мегӯяд, бародараш ба корҳои одии рӯзгор банд буда, даъвои ҳеҷ мақоми баланде надошт ва ӯ дар рафтори бародараш ягон амалеро надидааст, ки боис ба боздошти ӯ шуда бошад.

ҚАЗИЯИ МАРБУТ БА ДАСТАИ “РАВШАН”

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки Рустамов дар пайи ҳангомаҳои ахири марбут ба бозии футболи дастаи “Равшан” боздошт шуда бошад.

Ӯ мегӯяд, пас аз бозии дастаи “Истиқлол” ва “Равшан, ки дар Кӯлоб бетартибӣ рух дод сару садо атрофи номи ӯ бештар шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳангомаҳои ахир дар атрофи дастаи футболи “Равшан” сиёсӣ шуд ва мақомот барои тарс додан бояд нафари маъруферо боздошт мекарданд.

Ӯ афзуд: “Ҳоло фақат дар атрофи номи ӯ овоза аст, ки гӯиё фанатҳои футболро маблағгузорӣ мекардааст. Ман ӯро ҳамчун як соҳибкор хуб мешиносам ва ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ ҳеҷ хоҳиши ба бетартибӣ даст задани мухлисони футболро надошт. Ин корро нафароне мекунанд, ки ҳадафи сиёсӣ доранд. Лек «Кабуд» соҳибкор буд ва ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ надошт. Сокинони Кӯлоб кӯмакҳои ӯро дар офати табии ин шаҳр, сохтани роҳи оҳан, ҳадяи бино ба маркази фарҳангии ҷавонон ва чанд бозори навро хуб дар хотир доранд. Боздошти чунин нафарон, ки миёни омма маъруф ҳастанд, ҳеҷ манфиате надорад.”

Ин дар ҳоле, ки Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб тайи як ҳафтаи ахир чанд бор бо раисиҷумҳур мулоқот карда, сӯҳбатҳои телефонӣ низ анҷом додааст, ки дар он гуфтугӯҳо мавзӯи беназмиҳои Кӯлоб дар моҳи июн низ матраҳ будааст.

АЗ АФРОДИ НАЗДИК БА АСАДУЛЛОЗОДА

Озар Исоев, муовини додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар миёни 16 нафаре, ки барои даст задан ба бетартибӣ парванда боз шудааст, исми Сафармад Рустамов вуҷуд надорад ва онҳо аз боздошти ӯ ҳеҷ хабаре надоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар бетартибиҳои Кӯлоб 16 нафар гумонбар дониста мешавад, ки феълан чаҳор нафари онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Сафармад Рустамов, маъруф бо лақаби “Кабуд” чанд соли ахир сарварии “Ориёнбонк” дар ноҳияи Мӯъминободро ба ӯҳда дошт. Ӯро аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” дар минтақаи Кӯлоб медонистанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG