Пайвандҳои дастрасӣ

СММ:Истифодаи оқилонаи оби Осиёи Марказӣ зарур аст


 Толори марказии СММ дар шаҳри Нюйорк

Толори марказии СММ дар шаҳри Нюйорк

СММ мегӯяд, ҳамкории бештари кишварҳои ҳавзаи Омударё дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ метавонад дар оянда замонати сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ бошад. Дар як гузориши нави Барномаи зистмуҳитии СММ (UNEP) таъкид шудааст, ки тақозо ба оби Омударё афзоиш ёфтааст. Кишвари болооб мехоҳад нерӯгоҳи азими барқу об бунёд намояд, вале кишварҳои поёноб ба хотири обёрии киштзорҳо ба оби бештар ниёз доранд.
Ба навиштаи муаллифони гузориш бо ин ҳол Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон бо мушкили ҳалталаб мувоҷеҳ шудаанд.
СММ ёдовар мешавад, сатҳи оби баҳри Арал, ки ба оби Ому эҳтиёҷ дорад, 26 метр поин шуда, масоҳати ин обанборро садҳо километр хурдтар кардааст.
Барномаи зистмуҳитии СММ навиштааст, ки партобҳои саноатӣ ва чангу намак аз бахшҳои хушкшудаи баҳри Арал ба саломатии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ачим Штейнер раиси барномаи зистмуҳитии СММ гуфтааст, ки аз нуқтаи назари амниятӣ, тағйири иқлим, об, энергетика ва кишоварзӣ соҳаҳои асосии ин гузориш будаанд. Муаллифони гузориш хулоса кардаанд, ки кишварҳои болооб дар паи бунёди сарбанд буда, метавонанд мизони об барои кишварҳои поёнобро коҳиш дода, боиси нооромӣ ва ҳатто муноқиша гарданд.
XS
SM
MD
LG