Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Ҳинд аз иқдоми ИМА алайҳи Покистон


C.М Кришна, вазири умури хориҷии Ҳиндустон

C.М Кришна, вазири умури хориҷии Ҳиндустон

Ҳиндустон аз тасмими ИМА дар робита ба манъи бахше аз кӯмакҳои низомӣ ба Покистон истиқбол кардааст.

Ҳиндустон, ки рақиби дарозмуддати Покистон аст, ин тасмими Амрикоро, ки бар асоси он ҳудуди 800 миллион доллар кӯмакҳои низомии солона ба Покистон мутаваққиф мешавад, иқдоми нек унвон кард.

Вазири хориҷии Ҳинд С.М Кришна гуфтааст, ин ба нафъи минтақа нест, ки яке аз кишварҳои он тавассути Амрико то дандон таҷҳиз гардад, ин мавзӯи баробарии низомиро дар минтақа хадшадор месозад.

Ҳиндустон ба таври умумӣ кӯмакҳои низомии Амрико ба Покистонро барои аҳдофи зидди терроризм қабул кардааст, вале нигаронии худро дар ин маврид иброз доштааст, ки мабодо ин кӯмакҳои низомӣ ва аслиҳа бар зидди ин кишвар истифода гардад.

Вазири хориҷии Ҳинд дирӯз дар Деҳлии нав ба хабарнигорон гуфт: "ИМА бояд инро бидонад, ки мо барои оддӣ шудани равобит бо Покистон талош мекунем."

Виллям Далей, раиси дафтари раиси ҷумҳур Обама рӯзи якшанбе дар ҷараёни мусоҳиба ба теливизиони АБС гуфт: «Покистон иқдомотеро рӯи даст гирифтааст, ки боис мешавад тавқифро дар кӯмакҳои худ ба ин кишвар ворид намоем.»

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс қаблан гузориш дода буд, ки ҳудуди 800 миллион доллар ё аз се як ҳиссаи ду миллиард доллар кӯмакҳои солонаи низомӣ ба Покистон мутаваққиф хоҳад шуд.

Ню-Йорк Таймс аз қавли як мақоми амрикоӣ навишта буд, ки ин иқдом ба далели ихроҷи мураббиёни низомии амрикоӣ аз Покистон ва ҳам ба далели он сурат мегирад то бар Покистон фишор ворид шавад, ки талошҳо бар зидди терроризмро шиддат бахшад.

Қобили зикр аст, ки аз истиқлоли Ҳинд ва Покистон дар соли 1947 ба ин тараф, ин ду қудрати атомӣ бо ҳам се бор ҷангидаанд ва равобити хубе надоранд.
XS
SM
MD
LG