Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори як маркази интиқоли газ дар Миср


Мардони мусаллаҳ дар Миср маркази захираи газро, ки аз он ҷо тавассути лӯлаҳо ба Урдуну Исроил газ интиқол меёбад, мунфаҷир сохтаанд. Ин ҳамла бомдоди имрӯз дар шаҳри Ариш дар қисмати шимолии Миср дар нимҷазираи Синаӣ рух дод. Дар ин ҳамла касе осеб надидааст ва ин ҳодиса дар лӯлаи мазкур инфиҷори дуввум ба шумор меравад. Дар 18 рӯзи тазоҳуроти эътирозии баъд аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак чаҳор дафъа лӯлаҳои газро мунфаҷир сохтаанд.
XS
SM
MD
LG