Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди афтодан аз табақаи 9 зинда мемонанд?


Бино ба хабари матбуоти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистон аз тирезаи табақаи 9 бино ба замин афтода ҷон ба саломат бурдааст. Зумрад зани 21 солаи тоҷик дар ноҳияи Виборск ҳангоми шустани шишаи тиреза лағжида ба поин сарозер шудааст. Дар ин бора шавҳари вай шаҳрванди 27 солаи Тоҷикистон ба полис маълумот додааст. Ҳоло Зумрад дар бемористони рақами 3 ин ноҳия муолиҷа мегирад, вале дар ҳолати сангин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG