Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони туркман ба даъвати президент бовар надоранд


Нурмуҳаммет Ҳанамов
Нурмуҳаммет Ҳанамов
Нурмуҳаммет Ҳанамов-яке аз раҳбарони мухолифони Туркманистон мегӯяд, даъвати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар аз норозиёни сисёӣ барои ширкати онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2012 ба воқеият дуруст намеояд, зеро бар зидди аксари мухолифон дар ғиёбашон парванда боз кардаанд. Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи 9 июл, ки ҷараёни он аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш шуд, изҳор дошт, ки вай “бидуни дудилагӣ бо гурӯҳе, ки худро мухолифон меномад”, музокира анҷом хоҳад дод ва барои онҳо бо мардуми туркман шароити яксон фароҳам хоҳад овард, то онҳо дар интихобот ширкат ҷӯянд. Нурмуҳаммет Ҳанамов-раиси Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Туркманистон, ки фаъолияташ мамнуъ эълон шудааст ва ҳоло худаш дар Вена ба сар мебарад, аз ин даъвати раиси ҷумҳур истиқбол кард, вале гуфт, ки бар зидди бисёре аз сиёсатмадорони мухолиф дар ғиёбашон парванда боз шудааст ва онҳо маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG