Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Озодӣ дар Ҳродноро ҷарима бастанд


Михаил Карнеич
Михаил Карнеич
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ғарби Беларус дар ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ муҷрим шинохта шуда, ба маблағи муодили тақрибан 200 доллар ҷарима баста шуд. Михаил Карнеич ҳанӯз рӯзи 3 июл, дар Рӯзи истиқлоли Беларус, дар шаҳри Ҳродно боздошт шуда буд. Дар ин рӯз дар саросари Беларус наздики 400 нафар, аз ҷумла садҳо нафар барои чаппакзании беш аз ҳадд баланд ҳангоми суханронии президент Аляксандр Лукашенка, дастгир шуданд.
Карнеич гуфт, ӯ ҳангоми боздошт дар кӯчаи Советская ба иҷрои вазифаи касбии худ машғул буд ва аз як канор акс мебардошт, вале бо вуҷуди нишон додани корти сабти ном ӯро боздошт карданд.
Михаил Карнеич парвандаашро сохта номид ва гуфт, аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG