Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи тарафдорони Асад ба сафоратҳои ғарбӣ


Авоқиби ҳамлаи тазоҳургарон ба сафорати Амрико дар Димишқ

Авоқиби ҳамлаи тазоҳургарон ба сафорати Амрико дар Димишқ

Ба гуфтаи шоҳидон, тазоҳургарони тарафдори давлати Сурия имрӯз ба сафоратҳои Амрикову Фаронса дар Димишқ ҳамла кардаанд. Тазоҳургарон шишаҳои тирезаҳои ин биноҳоро шикаста, қабл аз хуруҷ парчами Сурияро бар сохтмони сафорати Амрико насб кардаанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки қароргоҳи сафир Роберт Форд низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Тарафдорони давлат ҳамчунин талош кардаанд, вориди сафоратхонаи Фаронса шаванд, вале ба оташи муҳофизони он дучор шудаанд. Ин эътирозҳо ба дунболи боздиди ҳафтаи пеши сафирони Амрикову Фаронса аз Ҳамо, як пойгоҳи мухолифин дар маркази Сурия аст.
XS
SM
MD
LG