Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон нафар имрӯз дар Сребренитса аз солгарди 16-уми қатли омми 8 000 марду кӯдаки мусалмони сокини ин минтақаи Босния ёд карданд. Ин нахустин солгарди ин қатли омм дар пайи боздошти генерал Ратко Младич, нафари муттаҳам ба раҳбарии ин куштор аст.
Қарор аст, дар ҷараёни маросими имрӯза дар Сребренитса 613 ҷасади дигари қурбониёни он фоҷиа ба хок супурда шаванд. Қатли омми мусалмонони Сребренитса хунинтарин мавриди қатли омм дар Аврупо аз солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯст.
XS
SM
MD
LG