Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

12 кушта дар таркишҳо дар пойгоҳи баҳрии Қибрис


Таркишҳои сангин дар як пойгоҳи баҳрии Қибрис 12 кушта ба ҷо гузошта, ба як нирӯгоҳ низ асобат кардааст. Таркишҳо дар пойгоҳи Эвангелос Флоракис дар ҷануби ин ҷазиркишвари таҷзияшуда дар як амбори силоҳҳое, ки соли 2009 аз як киштии Эрон дар роҳ ба сӯи Сурия мусодира шуда буд, рух додааст. Давлати Қибрис аммо вуҷуди фарзияи ҳамлаи тарҳшударо дар ин қазия радд мекунад. Вазири дифоъ ва фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Қибрис ҳарду дар пайи ин таркишҳои пурқурбонӣ истеъфо додаанд.
XS
SM
MD
LG