Пайвандҳои дастрасӣ

Як навори видеоӣ дар шабакаи интернет муштзании ду ҷавондухтари тоҷикро нишон медиҳад, ки дигарон онро бо шавқ тамошо мекунанд.

Занозании ду духтар дар яке аз қисматҳои шаҳри Душанбе дар миёни алафзор, тамошобинони зиёдеро ҳам ҷамъ ҷамъ овардааст.

Яке, аз духтарон, ҳарифашро зери по карда муйи сари ӯро мекашад ва ба сараш бо пой задан мегирад. Ҳарифи мағлуб ба сахти аз зери пойи рақибаш раҳо меёбад ва дубора боз вориди ҷанг мешаванд. Ҳарифи мағлуб ҳарчанд, ки рақибаш мегӯяд, ки ба сар мушт назанад, «ба ман фарқаш нест, куҷое ояд мезанам, фаҳмидӣ мезанам....!!! мегӯяд.

Тамошобинон ё ҳамроҳони онҳо ҳам ба ҳарифи муштзан нидо мекунанд, ки «ҳарҷойе ояд зан, задан гир...ба шатта, ба мушт, бизан.....»

Духтарони муштзан, тақрибан аз руйи навор 14 ва 15 сола менамоянд ва ин навор тариқи чанд телефони дасти бардошта шудааст.

Пахши ин навор дар байни ҷавонони тоҷик боиси сару садоҳои зиёд гардид.

Эраҷи Амон, хабарнигори тоҷик мегӯяд, баъзе ҷавонписарони мо имрӯз ба роҳҳое мераванд ва ба амалҳое даст мезананд, ки аз ваҳшоният фарқе надорад. Ба боварии Эраҷ, вақте духтарон, сарфи назар аз он, ки деҳотӣ аст ё шаҳрӣ, аз хондан дур мешаванд ё онҳоро ба хондан намемонанд ва сатҳи саводу маърифташон паст аст, ба ҳар кор даст мезананд. Дар баробари аз мактаб дур шудан бо сабабҳои нодорӣ ё кадом омиле набошад, хонаводаҳо ба духтарон таълимоти исломӣ медоданд, ҳеҷ гоҳ даст ба чунин амалҳои нангин даст намезаданд.

«ОБ АЗ ТАГИ ЯХ МЕГУЗАРАД»

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари ҷавон мегӯяд, барои як ҷомеаи суннати Тоҷикистон, ки даъвои фарҳанги ноби исломӣ ва миллӣ доранд, дидани ҳамчунин манзара ҷойи дард аст. Зеро ҳама дар шиор васфгари арзишҳои миллӣ, тараннумгари суботу шукуфоии кишвар шудем, аммо бехабар аз он ки «об то кай зери ях мегузарад.»

Оғои Хилватшоҳ мегӯяд, ки акнун баъди дидани ин навор, як дӯсташ аз Русия хоҳиш кардааст, ки духтари ӯро ба наздаш ба ин кишвар фиристад, зеро падар аз падидаи сабзида миёни
Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик

ҷавонон ҳарос кардааст ва пиндоштааст, ки мабодо духтари ӯ ҳам шомили ҳамин гурӯҳ нашавад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам, «гар мо ҳамингуна насл ва хосатан духтарон дошта бошем, тамоми дарҳои фарҳангӣ ва ҷомеаи гуманитарӣ ва рушдкунанда ба рӯйи мо баста аст. Чаро, ки он аз ба истилоҳ корнамоиҳои наву манфии наврасони сини мактаби дарак медиҳад ва барои як миллат ва кишвари муосир ҷойи хиҷолат ва осебпазирӣ аст. Барои пешгирии ин ҳолат бояд, ки наврасон ва ҷавонон ҳамеша зери назорат ва ба таълим фаро гирифта шаванд, бо ҳар роҳе набошад. Бигузор саводи казоӣ надошта бошад, аммо аз таълим ва шуғломӯзӣ дар канор намонад, вагарна....»

Ин навор дар баҳсҳои интернетӣ ҳам вокунишҳоеро дар пай дошт. Муҳаммад Фармонзода, як рӯшанфикри ҷавони тоҷик навиштааст, ки ин манзара баёнгари заъифшавии ахлоқи ҷомеаи суннатии тоҷик, нодурустии низоми хонаводагӣ, таблиғи густардаи фарҳанги ғайриахлоқӣ дар садову симо ва
Муҳаммад Фармонзода, рӯшанфикри тоҷик

набудани идеологияи муайян дар сиёсати имрӯза аст, ки ин метавонад ба ояндаи рӯшан ва босаодати як миллати соҳибтамаддун ва ҳатто як ҷомеаи, ки аксарият пайрави як суннат ва эътиқод ҳастанд, бо он ҳама пешрафтҳои демукросӣ ва суботу оромиро, зери суол бубарад.

«ФАҚР АЗ ДАР ОЯД, АХЛОҚ АЗ ПАНҶАРА БАРОЯД»

Бобоҷони Қаюм, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ки агар ба баъзе бозиҳои сархушкунада, ки хусусияти манфӣ доранд чун сагу хурӯсҷанг бингарем, акнун, ҷавонҳо ҳам мисле, ки аз ҷангҳои ҳайвонҳо нусха гирифтанд. Аммо, омилҳои ин дар мушкилоти равонии ҷомеа, набуди марказҳои фарҳангиву варзишӣ ва тарбиявӣ аз лиҳози динӣ ва илмии барои наврасон ва тӯлонӣ дар муҳоҷират будани падарон мебошад, ки фарзандон дар танҳоӣ ба воя мерасанд ва модарон ба танҳоӣ аз тарбияи солими онҳо баромада наметавонанд. Омили дуввум, муҳити носозгор ва шароити фақру нодорӣ ҳам аст, ки маҳз фақирӣ ва нодорӣ, на танҳо як инсон ва як хонавода, ҳатто ҷомеаро метавонад аз лиҳози ахлоқӣ осебпазир гардонад.

ДУХТАРОН АЗ ХУД БО МУШТ ҲИМОЯТ МЕКУНАНД

Мағфират, як хонум мегӯяд, ки шоҳиди ҷанги наврасон шудааст ва баъди ин ҳодиса то чанд рӯз ҳам ба худ наомадааст. Вай мегӯяд, ки тасодуфан шоме ба таҳхонаи хонаи истиқоматиаш медарояд ва дар онҷо шӯру мағали наврасон ва занозании ду духтарро мебинад, ки дигарон аз ин завқ мебурданд. Мағфират мегӯяд, ки яке аз ин духтарон, ки дар ҳамсоягиаш зиндагӣ мекунад, ҳатто бо чунин усул боре худро аз ҷавонписаре дар байни мардум ҳимоя кардааст.

Хонум Мағфират афзуд: «Дар маршрутка савор шудам, вай духтарам савор шуд, як ҷавонписар гапаш дод. Вай духтар ба писар гуфт, ки хомӯш шав, нашуд. Ронандаро гуфт, ки истед. Духтар баромад ва писарро ҳам фуровард, ба сару руйи писар чунон зарбаҳое зад, ҳатто бо шатта ҳам, дигар писарак дар ҷояш афтид ва духтар дар нақлиёт савор шуда рафт.»

Бобоҷони Қаюм, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ки ин зуҳуроти
Бобоҷони Қаюм, равоншиноси тоҷик

манфӣ натиҷаи барномаҳои заъифи дастгоҳҳои таблиғотии таъсиргузор ба афкори ҷомеа, радио ва телевизионҳои расмист, ки аксарияти ҷавонон дигар аз тамошои онҳо рӯ тофтанд.

Дар Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ аз пахши ин навор ва мӯд шудани муштзании духтарони наврас изҳори беиттилоӣ карданд, аммо шакл гирифтани ин падидаҳоро миёни ҷавонон, бахусус наврасони сини мактабӣ маҳкум карданд.

МУШТҲОРО ДАР МУСОБИҚА НИШОН ДИҲЕД

Абдураҳмон Хонов, як масъули кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, ки бе ягон истиҳола муштзании духтарон коста шудани фарҳанги ахлоқ ва тарбия дар ҷомеа аст, дар ҳоле, ки даҳҳо маҳфилҳои варзишӣ барои духтарон фаъолият мекунанд, аммо онҳо боз ба чунин шуғлҳои хусусияти манфӣ дошта даст мезананд.

Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки духтарони муштзӯр ё дорои қобилияти қувваи ҷисмонӣ буда, метавонад нерӯи тавонои ҷисмонии худро дар толорҳои варзишӣ сайқал диҳанд. Афзун бар ин, бо нерӯи тавонои ҷисмонии хеш дар минбарҳои варзишии ҷаҳонӣ шарафёб гарданд.

Ҳар яке аз ин муштзанҳо метавонад, мисли Мавзуна Чориева дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро боло бардоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG