Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии “Равшан”: "Барои ҷойҳои ифтихорӣ талош дорем."


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон хуб бозӣ дорад ва пас аз натиҷагирии бозиҳои даври 22-юм дар ҷадвал бо 41 имтиёз ҷойи дуввумро касб кардааст.

“Равшан” аз 18 бозӣ дар 13-тоаш пирӯз шудааст. Инчунин 2 бозиро бо натиҷаи мусовии 1:1 (бо “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ) анҷом додааст ва дар 3 бозӣ (дар майдони худ ва дар Душанбе аз “Истиқлол” бо ҳисоби якхелаи 0:1 ва аз “Парвоз” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:3) мағлуб гаштааст. Таносуби тӯбҳояш 33-11 мебошад. Фозил Сатторов, ҳамлагари “Равшан, ки то ҳоло 11 гол задааст, ба қатори беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дохил аст.

Дар ин даста, аслан, бозигарони худӣ, яъне шогирдони футболи Кӯлоб, ҳунарнамоӣ мекунанд. Муваффақияти “Равшан” ба кӯмаки молии сарпарастони даста ва дастгирии мухлисонаш бастагӣ дорад.

Баъди пирӯзии “Равшан” дар рӯзи 9-уми июл дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон - “Вахш” бо ҳисоби 1:0, хабарнигори "Озодӣ" бо сармураббии дастаи “Равшан” Маъруф Рустамов ҳамсӯҳбат шуд ва ин мусоҳиба ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:19 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG