Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Амрико дар Ироқ вориди амал шудаанд


Леон Панетта
Леон Панетта
Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта гуфт, нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ алайҳи чирикиҳои шиъаи таҳти ҳимояти Эрон амалиётҳоеро ба роҳ андохтаанд. Ин эълон тақрибан як сол баъд аз анҷоми амалиётҳои ҷангии нирӯҳои Амрико дар Ироқ аст. Панетта, ки бо як сафаре аз қабл эълонношуда дар Ироқ қарор дорад, гуфт, нирӯҳои Амрико бо нирӯҳои амниятии Ироқ амалиётҳои муштаракеро алайҳи чирикиҳо анҷом медиҳанд. Теҳрон даъвои Амрико дар бораи таъмини силоҳ кардани ҷангиён дар Ироқу Афғонистонро радд мекунад. Феълан дар Ироқ тақрибан 46 000 сарбози амрикоӣ боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG