Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди зинда пайдо кардани қурбониён ночиз шудааст


Вазири ҳолоти изтирории Русия гуфт, умеди зинда пайдо кардани қурбониёни киштие, ки дирӯз дар рӯди Волга ғарқ шуд, қариб намондааст. Сергей Шойгу гуфт, аз 208 сарнишини киштии «Булгария», ки дар наздикии Қазон - пойтахти ҷумҳурии Тотористон зери об рафт, 80 нафар наҷот ёфтаанд. Ғаввосон аҷсоди 13 тани дигарро аз об берун кашидаанд, вале мегӯянд, беш аз 100 тани дигар, бо шумули ҳудуди 50 кӯдак, дар дохили киштӣ банд мондаанд. Яке аз наҷотдиҳандагон мегӯяд: САДО Киштии «Булгария» ҳанӯз соли 1955 дар Чехословакия сохта шуда, байни шаҳрҳои Булғор ва Қазон шино мекард. Иллатҳои ғарқ шудани ин киштӣ таҳти таҳқиқ қарор дорад. Рӯзи сешанбе дар Русия ба ёди қурбониёни ин фоҷиа рӯзи мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG