Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи амалиёти берунории ғарқшудагон дар рӯди Волга


Рӯзи душанбе дар макони ғарқшавии киштии сайёҳӣ дар рӯди Волга ғаввосон ҷустуҷӯи ҷасадҳоро идома доданд.

Тахмин зада мешавад, ки дар ин ҳодиса беш аз 100 кас ва аз ҷумла шумори зиёди кӯдакон ҳалок шудаанд.

Рӯзи якшанбеи 10-уми июл киштии сайёҳии “Булгария” бо беш аз 180 сарнишин дар рӯди Волга ғарқ шуд. Субҳи душанбе хадамоти вазъиятҳои фавқулоддаи Русия иттилоъ доданд, ки камаш 80 нафар наҷот ёфтааст.

Онҳо 13 ҷасадро аз дохили киштии ғарқшуда берун оварда, иброз доштаанд, ки ҷасадҳо асосан дар яке аз толорҳои ин киштии дуқабата қарор доранд. Ба навиштаи расонаҳои Русия, фоҷеа замоне рӯй додааст, ки дар толори ошхонаи киштӣ як иди кӯдакон ҷараён дошт.
Як ходими гурӯҳи наҷот дар деҳаи Сукеевои Ҷумҳурии Тотористон, воқеъ дар 750 километрии шарқи Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки ҷустуҷӯи мусофирони киштии ғарқшуда дар соҳили рӯди Волга натиҷаи мусбат надод. Ба қавли ғавввосон, киштии ғарқшуда дар умқи 18 метр қарор дошта, берункашидани ҷасадҳо осон нест.

Сабаби фоҷеа то кунун расман эълон нашудааст. Вале киштии “Булгария”, ки соли 1955 дар Чехословакия сохта шудааст, зарфияти 60 нафарро доштаасту халос.

Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба ходимони Иттиҳодияи сайёҳии Русия навиштааст, киштии “Булгария”, ки аз минтақаи Булгар ба шаҳри Қазон-пойтахти Тотористони Русия ҳаракат дошт, чандин сол инҷониб аз назари муфаттишон нагузашта буд.

Бар пояи рӯйхати сарнишинони “Булгария”-и ғарқшуда, ки дар сомонаи интернетии вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Русия сабт гардидааст, аксари мусофирон сокинони шаҳри Қазон будаанд.

Дар сӯҳбатҳо афроди наҷотёфта ғарқшавии бо суръатро бо даҳшат ба ёд оварда, таъкид карданд, ки баъзе киштиҳо лаҳзае ҳам таваққуф накарданд, ки ба мусофирони киштии “Булгария” кӯмак расонанд: “Ду киштӣ бидуни таваққуф аз наздамон гузаштанд. Мо ба тарафи онҳо даст мебардоштем, ки кӯмак расонанд. Киштии сафеду кабуд бо номи “Волганефт” бо як киштии борбар бидуни таваққуф гузаштанду сипас ҳам ин киштӣ истод. Касе дигар наистод.”

Волга-дарозтарин рӯди Аврупо, дар фасли тобистон макони дӯстдоштаи сайёҳон аст. Ҳукумати Тотористон ба ёди қурбониҳои ин фоҷеа 12-уми июлро рӯзи мотам эълон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG