Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии музокироти лимити қарзи Амрико


Обма дар музокирот бо ҷумҳурихоҳон

Обма дар музокирот бо ҷумҳурихоҳон

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостори музокироти бештари мавзӯъи будҷа дар Кохи Сафед шуд. Ин даъват ба дунболи нокомии музокирот бо ҷумҳурихоҳон ба хотири ҷилавгирӣ аз расвоии қарзҳои Амрикост. Ҷон Бёнер, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс , гуфт, ҳаҷми ихтисори будҷа бояд бештар аз мизони афзоиши қарзҳо бошад. Ӯ афзуд, ҳар навъ муомила набояд фарогири тарҳи боло бурдани молиёте бошад, ки Обма мехоҳад. Агар Амрико то 2 август маҳдудият дар роҳи дарёфти қарзашро боло набарад, метавонад дучори расвоӣ ё дефолти фаннӣ шавад. Феълан ҳадди аксари қарзи Амрико 14 триллиону 300 миллиард доллар таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG