Пайвандҳои дастрасӣ

Ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои Сурия тайи амалиёти шаби гузашта дар шаҳри Ҳумс дастикам як ғайринизомиро ба ҳалокат расондаанд. Дидабони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, сарбозон аз зиреҳпӯшҳо болои издиҳоми дар ҳоли фирор оташ кушодаанд, ки дар натиҷа 20 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳумс яке аз марокизи эътирозҳо алайҳи режими Башшор Асад буда, сокинонаш амалиёти ахирро шадидтарин иқдом барои саркӯбии ин ошӯбҳо дар ду моҳи охир медонанд. Давлати Сурия дирӯз эълон кард, ки ба музокирот бо мухолифин шурӯъ кардааст. Аммо шахсиятҳои маъруфи мухолиф аз ширкат дар ин мизигирди дурӯза дар Димишқ бо ҳузури ноиби раисиҷумҳур Форуқ Шаръа парҳез кардаанд.
XS
SM
MD
LG