Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйиди расмии ҳалокати 15 тан дар таркиши Ободон


Асароти таркиши Ободон

Асароти таркиши Ободон

Мақомоти Туркманистон вуҷуди қурбониҳо бар асари таркиши рӯзи панҷшанбе дар шаҳри саноатии Ободонро эътироф карданд. Дирӯз дар пайи ҷаласаи ҳукумати Туркманистон эълон шуд, ки дар инфиҷори Ободон 15 нафар, бо шумули 2 сарбоз, ҷон бохтаанд. Аммо манобеъи мустақил шумори қурбониён дар маҳалли атрофи таркиши амбори таслиҳоти пойгоҳи низомии Ободонро бамаротиб бештар мешуморанд. Ободон бо 50 000 ҷамъият тақрибан дар 20-километрии Ишқобод воқеъ буда, қаблан Бузмеин ном дошт.
XS
SM
MD
LG