Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи боз як узви "Ҷамоати Таблиғ" ба додгоҳ рафт


Додгоҳи қаблии аъзои "Ҷамоати Таблиғ" дар Душанбе

Додгоҳи қаблии аъзои "Ҷамоати Таблиғ" дар Душанбе

Парвандаи нафаре, ки ба ташкили бахши занонаи гурӯҳи мамнӯъи мазҳабии «Ҷамоати Таблиғ» дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон айбдор мешавад, ба додгоҳ ирсол шудааст. М.Қаландаров ба даъват ба табдили базӯрии низом айбдор мешавад. Бахши занонаи «Ҷамоати Таблиғ», маъруф ба «Мастурот» ба таблиғи ақоиди мазҳабӣ дар миёни занон машғул буд. Ду сол пеш додгоҳи вилояти Хатлон 36 нафарро бо ҷурми узвият дар «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум ба зиндон кард. Соли гузашта 56 тани дигар дар Душанбе бо ҳамин иттиҳом ба додгоҳ эҳзор шуда, 23 тани онҳо низ ҳукми зиндон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG