Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ: "Ба Аслонов унвони Қаҳрамони миллӣ бидиҳед"


Масъуд Собиров, раиси ҷиноҳи расмии ҲДТ
Масъуд Собиров, раиси ҷиноҳи расмии ҲДТ
Ҳизби демократи Тоҷикистон(ҲДТ) пешниҳод кардааст, то ба раиси собиқи парлумони ин кишвар Қадриддин Аслонов унвони Қаҳрамони миллӣ дода шавад. ҲДТ мегӯяд, ба Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 маҳз Аслонов имзо карда буд ва эътои унвони Қаҳрамони миллӣ қадршиносии поси хотири ӯ мебуд.
Қадриддин Аслонов, ки дар поёни моҳи августи соли 1991 дар пайи истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов кафили раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шуд, 23 сентябри ҳамон сол дар пайи кандани ҳайкали Ленин таҳти фишори коммунистҳо истеъфо дод. Ӯ дар тобистони пурталотуми соли 1992 ба симати раиси вилояти вақти Қӯрғонтеппа рафт ва тирамоҳи ҳамон сол ба дасти нирӯҳои Фронти халқӣ асир уфтода, кушта шуд. Маҳалли дафни ҷанозаи ӯ ва қотилонаш то ҳол ошкор нашудаанд.
XS
SM
MD
LG