Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда барои бисёрникоҳӣ ва манъи таълими фарзандон


Додситонии вилояти Хатлон алайҳи ду донишманди улуми исломӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст.

Додситонии вилояти Хатлон алайҳи ду донишманди улуми исломӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст.
Соли гузашта додгоҳҳои вилояти Хатлон 45 мардро барои дузанагӣ ва чаҳор ҷуфти волидонро барои монеи таҳсили фарзандонашон дар дабистонҳо шудан ба ҷазоҳои мухталиф маҳкум карданд...


Ба иддаои додситонӣ, Холхӯҷа ва Назрулло Ҷалоловҳо, ки якеашон имом-хатиби масҷиде дар Ҷомӣ будааст, барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандони худ дар мактаби ҳамагонӣ ва бо иттиҳоми дузанагӣ ё бисёрникоҳӣ ба маҳкама кашида шудаанд.

ПАРВАНДА БАРОИ БИСЁРНИКОҲӢ ВА МАНЪИ ТАЪЛИМ

Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳоло парвандаи имомон Ҷалоловҳо, ки ба ҳам бародар будаанд, барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Ҷомӣ ирсол шудааст.

Толибҷон Азимов, ёвари додситони Хатлон
Вай афзуд: "Ин ду сокини деҳаи Навободи ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ҷомӣ моҳи декабри соли 2008-ум фарзандони худро барои гирифтани таълимоти динӣ ба ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Покистон сафарбар намуда, барои гирифтани маълумоти миёнаи умумии ҳатмӣ монеъ шудаанд. Худ қазоват кунед, ки ин фарзанди имом-хатиб аст, худи имом-хатиб ва бародараш- яке се зан ва дигарӣ ду зан дорад. Инҳо аз 14 то 18 нафар фарзанд доранд. Лекин дар он мактабе, ки инҳо таҳсил мекарданд, барои рафтани инҳо ба мадрасаҳои хориҷӣ ё ақаллан барои бозгаштанашон ба мактаб ягон нафар ягон чорае надидааст."

Ёвари додситони Хатлон ҳамчунин гуфт, ин ҳодисаи нодир нест, ки шаҳрвандон, аз ҷумла муллоҳои масҷид, барои бисёрникоҳӣ ё манъи фарзандони худ аз мактабҳои дунявӣ ба муҷозот кашида мешаванд.

Соли гузаштаи 2010-ум низ додгоҳҳои вилояти Хатлон 45 мардро барои дузанагӣ ва чаҳор ҷуфти волидонро барои монеи таҳсили фарзандонашон дар дабистонҳо шудан ба ҷазоҳои мухталиф маҳкум карданд.

"КАСЕ ФАРЗАНД БА ХОРИҶ БИФИРИСТАД АҚИДААШ ДИГАР АСТ."

Аммо ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи имом-хатибони масҷидҳои Ҷомӣ, ки фарзандонашонро барои таълимоти динӣ гирифтан ба Покистон сафарбар кардаанд, дар доираҳои мазҳабӣ ва коршиносони Хатлон вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст.

Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии Тоҷикистон, мегӯяд, бахши аъзами ҷавонон маҳз бо ҳидояти волидони худ ба мадрасаҳои ғайрирасмии исломӣ дар хориҷ аз кишвар роҳ ёфтаанд.

Ҷаноби Сорбонхӯҷа меафзояд: "Сад афсӯс, ки фарзандони моро ақидаҳояшон дигар аст. Онҳо зери таъсири падаронашон, ки пуштибони ақидаҳои ваҳҳобию салафӣ, баҳоӣ, шиъа, ҳизби таҳрир ва мисли инҳо мебошанд, мафкураашон тағйир хӯрдааст. Аксари онҳое, ки фарзандонашонро бе иҷозати давлат, бе машварат бо мо ва кумитаи дин ба хориҷа фиристодаанд, ақидаҳояшон дигар аст. Барои ҳамин, ҳоло давлат мегӯяд, ки худаш кадрашро тайёр карда метавонад. Ҳамин илми мазҳаби Имоми Аъзамро барои ҳатто устодони Арабистони Саудию Покистону Эрон дарс гуфта метавонанд олимони Тоҷикистон."

ҲАДАФ ЧИСТ, ТАРСОНИДАНИ МУЛЛОҲО?

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, ифтитоҳи парванда алайҳи домуллоҳо танҳо ҳадафи тарс додани имом-хатибони дигарро ба думбол дорад, то аз таълимоти мазҳабии наврасону ҷавонон даст кашида, дар чаҳорчӯби талаботи ниҳодҳои расмии давлат фаъолият кунанд.

Вале домуллоҳое, ки парвандаи ҷиноияшон ба дасти додгоҳи ноҳияи Ҷомӣ расидааст, аз ҳар гуна иртибот бо расонаҳои хабарӣ худдорӣ мекунанд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, агар гуноҳи ин ду домулло дар додгоҳ собит шавад, онҳоро ҷазои то як соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳадди ақал, пардохти то 25 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима интизор хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG