Пайвандҳои дастрасӣ

Демократҳо: “Аслонов Қаҳрамони миллӣ эълон шавад.”


Қадриддин Аслонов, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон (Акс аз китоби "Фарёди солҳо"-и Бӯрӣ Карим гирифта шудааст)

Қадриддин Аслонов, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон (Акс аз китоби "Фарёди солҳо"-и Бӯрӣ Карим гирифта шудааст)

Ҳизби демократи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, то ба Қадриддин Аслонов унвони Қаҳрамони миллӣ дода шавад.

Дар ин муроҷиати демократҳо, ки унвонии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст, чунин омада: "Тавассути истиқлолият буд, ки Тоҷикистон тавонист соҳиби қаҳрамонҳои худ шавад. Манзур ин аст, ки хуб мебуд, агар дар қатори Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсумов ва Шумо, Қадриддин Аслонов низ ҳамчун қаҳрамони Тоҷикистон ҷой мегирифт."





Қадриддин Аслонов, ки дар оғози солҳои навадум раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, дар моҳи сентбяри соли 1991 ба зери Эъломияи истиқлоли кишвар имзо гузошта, бо судури як фармони дигар, моликияти Ҳизби коммунистро амволи давлатӣ эълон намуд.

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам дар номаи худ менависад, "зери санади Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳз ӯ ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон дар рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 имзо гузошт ва ин амал қадршиносии поси хотир ҳам хоҳад буд. Аз тарафи дигар, таърих чун ҳамеша наметавонад сарфи назар шавад ва ё фаромӯш гардад."

Масъулони Ҳизби демократ дар поёни номаи худ ба намояндагони созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ низ муроҷиат карда ва хостаанд, то ин пешниҳоди демократҳоро пуштибонӣ бикунанд.

Қадриддин Аслонов, ки дар поёни моҳи августи соли 1991 дар пайи истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов кафили раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шуд, 23 сентябри ҳамон сол дар пайи кандани ҳайкали Ленин таҳти фишори коммунистҳо истеъфо дод.



Ӯ дар тобистони пурталотуми соли 1992 ба симати раиси вилояти вақти Қӯрғонтеппа рафт ва тирамоҳи ҳамон сол ба дасти нирӯҳои Фронти халқӣ асир уфтода, кушта шуд. Маҳалли дафни ҷанозаи ӯ ва қотилонаш то ҳол ошкор нашудаанд.

Соҳибназарон мегӯянд, бояд мақомоти кишвар қотилони Аслоновро пайдо ва онҳоро муҷозот мекарданд. Коре, ки бояд то кунун анҷом мешуд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон
Бо ин ҳол, пешниҳоди Ҳизби демократи Тоҷикистон дар бораи ба Қадриддин Аслонов додани унвони Қаҳрамони миллӣ дар миёни намояндагони аҳзоби сиёсӣ вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон, пешниҳоди ҲДТ-ро "бод додани коҳи кӯҳна" номид.

Вай гуфт, ин пешниҳод дар ҳоле сурат мегирад, ки хидматҳои марҳум Аслонов дар назди он саҳфаи сиёҳи таърихи кишвар, ки аз худ боқӣ гузоштааст, хеле камтар мебошад.

"Ҳамаи бадбахтиҳо дар Тоҷикистон ба дасти раҳбарони ҳамонвақтаи кишвар шуд",-илова кард ӯ.


Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ
Ҳамчунин, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки хидмати Қадриддин Аслонов барои дарёфти унвони Қаҳрамони миллӣ чандон мувофиқ нест.

"Баҳо додан ба фаъолияти Аслонов мушкил аст. Ҳарчанд ӯ Эъломияи истиқлолро имзо гузошт, вале таҳияи ин эъломия кори дастҷамъӣ буд ва ин баҳона шуда наметавонад, ки Аслонов унвони Қаҳрамони миллиро бигирад",-афзудааст Зоиров дар сӯҳбаташ ба хабаргузории "Азия-Плюс".

Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин пешниҳоди ҲДТ чизе гуфта наметавонад. Ба қавли ӯ, масъулони ҲНИТ ин пешниҳоди ҲДТ-ро дар Шӯрои сиёсӣ баррасӣ ва пас аз он хулосаи худро хоҳанд гуфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG