Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи наврасони футболи Мексика – қаҳрамони ҷаҳон


Дастаи навҷавонони Мексика пас аз пирӯзӣ

Дастаи навҷавонони Мексика пас аз пирӯзӣ

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Мексика ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Футболбозони навраси Мексика дар бозии ниҳоӣ, ки 10-уми июл дар пойтахти Мексика – шаҳри Мехико баргузор шуд, бар дастаи мунтахаби наврасони Уругвай бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.

Дар ин бозии ҳалкунанда голҳоро Антонио Брисенко дар дақиқаи 31-ум ва Ҷиовани Касиллас (90+2) ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мизбон – Мексика бо медалҳои тилло ва тими Уругвай бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Бразил ва Олмон мубориза бурданд.

Дар ин дидор Окан Эйдин, бозигари тими Олмон, дар дақиқаи 20-ум ҳисобро боз кард. Баъди ду дақиқа Веллингтон, бозигари Бразил, ҳисобро баробар намуд. Баъдан Адрияни бразилӣ дар нимаи аввали дидор ду бор дар дақиқаҳои 29-ум ва 33-юм (аз ҷаримаи 11-метра) тӯбро ба дарвозаи олмониҳо ворид кард. Пеш аз танаффус Корай Гунтери олмонӣ ҳисобро тағйир дод. Дастаҳо бо ҳисоби 3:2 ба нафъи Бразил ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ Окан Эйдин (дақиқаи 63-юм) ва Левент Айсисек (55) ду гол зада, бозиро ба фоидаи Олмон бо ҳисоби 4:3 анҷом доданд. Дастаи Олмон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.
XS
SM
MD
LG