Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркманистон рутбаи вазири дифоъ поин оварда шуд


Бегенч Гундоғдиев

Бегенч Гундоғдиев

Мақомоти расмии Туркманистон эътироф карданд, ки дар инфиҷоре дар шаҳраки санъатии Ободони ин кишвар талафоти ҷонӣ ба бор омадааст ва сокинони ин маҳалро рӯзи панҷшанбе ба минтақаи дигар кӯч додаанд. Инфиҷоре, ки дар амбори аслиҳаву муҳимот рух дод, манозили маскунӣ, корхонаҳо ва баъзе мактабҳоро хароб кардааст. Биноҳои дигар низ осеб дидаанд. Дар изҳороти расмии ҳукумат, ки 10 июл баъд аз ҷаласа мунташир шуд, омадааст, ки дар ин ҳодиса 15 нафар, аз ҷумла 2 сарбоз кушта шудаанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур рутбаи низомии Бегенч Гундоғдиев-вазири дифоъро, ки се моҳи пеш ба курсии вазирӣ нишаста буд аз генералӣ ба полковник ё сарҳанг поин овардааст.
XS
SM
MD
LG