Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NORAD аз парвози ҳавопаймоҳо дар Кемп Девид пешгирӣ кард


Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар охири ҳафта аз парвози алоҳидаи се ҳавопаймои хурд бар фарози Кемп Девиди Амрико-тафреҳгоҳи раиси ҷумҳури ин кишвар пешгирӣ кардаанд. Фармондеҳии дифоъ аз ҳарими ҳавоии шимоли Амрико ё NORAD гуфт, ду ҳавопаймои ҷангии F-15E субҳи рӯзи якшанбе аз парвози ҳавопаймои Cessna 182 ҷилавгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳавопайморо водор кардаанд, ки аз ҳарими Кемп Девид хориҷ шавад ва дар фурудгоҳи маҳалии наздикии Керрол ба замин фуруд ояд. Рӯзи шанбе низ ду ҳавопаймои хурдро ҳавопаймоҳои низомӣ аз минтақа хориҷ ронданд. NORAD шанбеи гузашта як ҳавопаймои хурди мусофирбарро, ки аз наздикии Кемп Девид парвоз мекард, нагзошт аз ин масир бигзарад. Он вақт дар Кемп Девид Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико истироҳат мекард.
XS
SM
MD
LG