Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Миср


Дар шаҳри Суетси Миср ҷузу томҳои артиш ба сӯи тазоҳуркунандагони эътирозӣ, ки сангандозӣ мекарданд, оташ кушодаанд. Ин тирандозӣ замоне рух додааст, ки гурӯҳҳои мардум роҳи мошинрави Суетс-бандари Баҳри Сурхро бастанд. Баъдтар мақомоти артиш хабар доданд, ки роҳро барои ҳаракати нақлиёт боз кардаанд. Дар шаҳри Қоҳира тазоҳуркунандагон дар майдони Таҳрир роҳ ба сӯи бинои ҳукуматро бастанд ва таҳдид карданд, ки агар дархостҳои онҳо пазируфта нашавад, онҳо роҳҳо ба сӯи вазорати дохила ва ба сӯи бинои телевизиони давлатиро низ хоҳанд баст. Тазоҳуркунандагон мехоҳанд масъулини қатли тақрибан 900 нафар дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии зидди Ҳуснӣ Муборак ба муҷозот кашонда шаванд.
XS
SM
MD
LG