Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот роҷеъ ба пешгирӣ аз касри будҷа нотамом монд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони Конгресси ин кишвар аз ҳар ду ҳизб дар Кохи Сафед музокира анҷом доданд, то роҳҳои раҳоӣ аз бунбасти қарзро пайдо кунанд. Ин музокирот камтар аз 90 дақиқа давом кардааст ва бино ба гузоришҳо он имрӯз идома меёбад. Рӯзи якшанбе Тимоти Гатнер-вазири молияи Амрико гуфт, агар то 2 август роҳи ҳали масъала пайдо нашавад, иқтисоди Амрико ба “шикасти фоҷеавӣ” дучор мешавад. Гатнер аз тариқи телевизиони Амрико гуфт, ҷумҳурихоҳон “роҳи дигаре надоранд” ба ҷуз ин, ки дар бораи будҷа бо Кохи Сафед ба тавофуқ бирасанд. Ҳоло ҷумҳурихоҳону демократҳо роҷеъ ба коҳиши касри будҷа бо ҳам ихтилоф доранд.
XS
SM
MD
LG