Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои фарҳангии тоҷикон дар Уляновски Русия


12 июл дар шаҳри Уляновски Русия рӯзҳои фарҳанги миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯбаи ин тадбири фарҳангӣ созмондиҳандагон либосҳои миллии тоҷикӣ, ороишоти миллӣ ва соири осори фарҳанги миллиро ба намоиш хоҳанд гузошт. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаҳои фарҳангии «Нескучный сквер» баргузор мешавад. Ин барномаи фарҳангӣ 10 июл шурӯъ шуд ва то 31 сентябр давом мекунад ва дар он миллатҳои сокини Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG