Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4 шахсияти маъруфи Туркия муттаҳам дониста шудаанд


Додгоҳи Туркия чаҳор нафар афроди машҳури машкукро дар як созмони хайрияи исломӣ барои суистифода аз маблағҳои кӯмак муттаҳам медонад ва дастур додааст, ки онҳо то рӯзи судури ҳукуми додгоҳ дар зиндон нигаҳдорӣ шаванд. Зоҳид Оқмон-шахсияти маъруф ва наздик ба Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия яке аз онҳост ва дар гузашта раҳбарии як созмони назорат бар озодии матбуотро бар ӯҳда доштааст. Онҳо барои сӯистифода аз маблағи хайрияе муттаҳам мешаванд, ки соли 2008 муҳоҷирони Ттуркия дар Олмон ҷамъоварӣ карда буданд. Ин маблағ 14,5 миллион евроро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG