Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди нахусти вазири нави дифои Амрико аз Ироқ


Леон Панетта

Леон Панетта

Леон Панетта-вазири нави дифои Амрико бори аввал дар ин мақом аз Ироқ боздид мекунад. Вай шоми гузашта баъд аз боздид аз Афғонистон вориди Бағдод шуд. Амрико ба нақша гирифтааст, ки то 31 декабри соли ҷорӣ хуруҷи 46 ҳазор нафар нируи боқимондаашро аз Ироқ ба поён расонад. Панетта гуфтааст, вай дар ин бора бо мақомоти Ироқ гуфтугӯ хоҳад кард. Дар бораи хуруҷи ин нируҳо миёни ду кишвар мувофиқатнома вуҷуд дорад, вале бо назардошти вазъи кунунӣ бими он меравад, ки баъд аз хуруҷи нируҳои Амрико дар Ироқ халои амниятӣ ба вуҷуд ояд. Панетта ҳамчунин ба раҳбарони Ироқ хоҳад гуфт, ки “шӯришиёни шиа аз аслиҳаи эронӣ истифода мекунанд ва ин шӯришиён ба таври ҷиддӣ бояд ҳадаф қарор бигиранд”.
XS
SM
MD
LG