Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико кӯмакҳои низомӣ ба Покистонро бозмедорад


Амрико эълон кардааст, ки кӯмакҳои низомии худро ба Покистон ба таъхир меандозад. Ин хабар баъд аз он пахш шуд, ки матбуот навишт, Амрико аз пардохти 800 миллион доллар кӯмак худдорӣ мекунад. Билл Делӣ-раҳбари дафтари Кохи Сафед аз тариқи шабакаи телевизионии ABC гуфтааст, ки Покистон баъзе тасмимҳо гирифтааст ва он сабаб шудааст, ки баъзе аз кӯмакҳо муттаваққиф шаванд. Қаблан рӯзномаи "New York Times" гузориш дод, ки чунин кор метавонад ба 800 миллион доллар кӯмаки низомӣ ва таҷҳизоте, ки дар маҷмӯъ аз се як ҳиссаи кӯмаки 2 миллиард долларии Амрикоро ташкил медиҳад, таъсири манфӣ расонад. Рӯзнома навиштааст, чунин равиш нишондиҳандаи хашми Амрико бар зидди ихроҷи тамриндиҳандагони амрикоӣ аз Покистон ва муборизаи заифи Покистон бар зидди шӯришиён мебошад.
XS
SM
MD
LG