Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ба озодкунии садҳо эътирозгари беларусӣ даъват кард


Нишасти парлумони САҲА дар Белград
Нишасти парлумони САҲА дар Белград
Парлумони САҲА бо пахши изҳороте аз мақомоти Беларус тақозо кард, ки беш аз 400 нафари баъди эътирозҳои зиддиҳукуматӣ боздоштшударо озод кунанд. Ҷаласаи парлумони САҲА, ки Беларус низ ба узвияти он шомил аст, бо қабули қатъномаи вижа ба озод кардани ҳамаи онҳое даъват кард, ки дар ҷараёни раҳпаймоиҳо боздошт шуда метавонанд чун зиндониҳои сиёсӣ арзёбӣ шаванд. Инчунин, парлумони Аврупо аз Беларус хост, ки бо намояндаи хоси САҲА дар масоили матбуот дар заминаи рафъи нигарониҳо аз таҳдиди басташавии расонаҳои мустақил ҳамкорӣ кунад. Беларус аллакай дафтари САҲА дар Минскро баста ба вуруди ҳайати таҳқиқкунандаи рӯйдодҳои ахири ин кишвар монеъ шуд.
XS
SM
MD
LG