Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фоҷеае дар обҳои Волга ҷони як мусофири киштии сайёрро гирифт


Имрӯз дар натиҷаи ғарқ шудани як киштии сайёре, ки аз рӯи обҳои Волгаи Русия 173 мусофирро интиқол медод, як нафар даргузашт. Бар тибқи гузоришҳо, ҳанӯз 61 мусофири дигари ин киштии булғорӣ беному нишон ҳастанд. Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ гуфт, ки ҳодиса наздики соати 2 рӯз ба вақти Маскав дар наздикии рустои ноҳияи Канско-Устиновски ҷумҳурии Тотористон рух дод. Дар ҷои ҳодиса гурӯҳҳои наҷотбахш бо кӯмаки чархболҳо ва қаиқҳои кӯмакрасон кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG