Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Маллен ба тавсеаи ҳамкориҳои Чину Кореяи Шимолӣ


Афсари баландпояи амрикоӣ аз Пекин даъват кард, ки равобити худро барои тақвияти ҳамкориҳо бо Пхенян ба хотири таъмини амнияти минтақа истифода кунад. Адмирал Майк Маллен, раиси ситоди муштараки нирӯҳои низомии Амрико инчунин гуфт, ки Вашингтон ба ҳеҷ сурат дар фикри маҳдуд кардани нақши афзояндаи Чин дар минтақа нест, ҳарчанд ИМА ҳамоно дар минтақаи Уқёнусия барои дарозмуддат боқӣ хоҳад монд. Маллен бо як сафари чаҳоррӯза дар Пекин ба сар мебарад ва ният дорад аз пойгоҳҳои низомӣ дидан карда масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои низомиро бо мақомоти умури ҳарбии Чин баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG