Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи қазияи узви баландпояи "Ал-Қоида" дар Австрия


Додситонҳои шаҳри Вена, пойтахти Австрия мегӯянд, ки таҳқиқи парвандаи як ҷавонеро шурӯъ карданд, ки эҳтимол меравад аз аъзои баландпояи шабакаи террористии Ал-Қоида бошад. Як нашрияи бонуфузи маҳаллӣ рӯзи якшанбе навишт, ки нафари муттаҳам лақаби “Дрисс” дошта, бовар меравад, ки гурӯҳи ҷангиёни зодаи Австрияро дар сарҳади Афғонистону Покистон дарси терроризм медодааст. Маъмурони интизомии Австрия мегӯянд, ки бовар доранд Дрисс яке аз наздикони Солеҳ Ассомалӣ, яке аз ҷангиёни аршади Ал-Қоида будааст, ки соли 2009 аз ҷониби ҳавопаймоҳои бехалабони амрикоӣ кушта шуд. Дрис соли 1983 дар Австрия ба дунё омада дини Исломро қабул кардааст.
XS
SM
MD
LG