Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтори хонаи пиронсолони Украина ҷони 16 нафарро гирифт


Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Украина мегӯяд, ки сӯхторе дар хонаи пиронсолон дар ғарби ин кишвар боиси кушта шудани 16 нафар шудааст. Дигар 11 нафар, аз ҷумла ду корманди ин муассиса, ки наҷот ёфтанд, зери назари табибон ҳастанд. Ҳолати се нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки сӯхторе, ки панҷ соат давом дошт, бар асари беэҳтиётӣ сар задааст. Сохтмони якошёнаи хонаи пиронсолон, ки аз чӯб сохта шудааст, хонаи 25 нафар буд, ки дар рустои Белое воқеъ дар сарҳади Украинаву Полша ҷойгир аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG