Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз ироаи 800 миллион доллар кӯмак ба Покистон худдорӣ мекунад


Маъмурияти Обама метавонад аз ироаи 800 миллион кӯмак ба низомиёни Покистон худдорӣ кунад, ба ин далел, ки аз ҳаракатҳои Исломобод дар амри саркӯби ҷангиён қаноатманд нест. Нашрияи бонуфузи New York Times дар нақли қавл аз се мақоми баландпояи амрикоӣ мегӯяд, ки ИМА аз ироаи 800 миллион доллар кӯмак ва таҷҳизот ба Покистон худдорӣ мекунад ва ё ин барномароо то вақти дигар мутаваққиф мекунад.

Ин ҳаҷми пулҳо аз се як ҳиссаи кӯмакҳои Амрико барои кӯмакҳои амниятии ин кишвар аст, ки дар кулл ду миллиард долларро ташкил медиҳад. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки дар сурати беҳбуд ёфтани равобит ва иқдомҳои бештари Покистон дар амри мубориза бо ҷангиён кӯмакҳоро дубора ироа хоҳад кард.

Куштори раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар шаҳри Абботободи Покистон ҷиддияти суолҳоеро дар заминаи кӯмаки ҳукумати Покистон ба пинҳоншавии террористи рақами аввал тақвият дод.

Покистон аллакай барномаи Амрикоро оид ба тамрини нирӯҳои ниманизомӣ баста беш аз 100 омӯзгори амрикоиро дар чанд ҳафтаи ахир бозпас фиристод. Инчунин Исломобод таҳдид кардааст, ки пойгоҳи низомии Оҷонсии марказии истихборотро, ки барои анҷоми парвозҳои ҳавопаймоҳои бидуни халабон дар амалиёти таъқиби ҷангиён истифода мекунад, мебандад.
XS
SM
MD
LG